Ru  | Tj
Пентагон: Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дасти Толибон дода намешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пентагон: Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дасти Толибон дода намешавад
Акс: CentralAsia.media

Пентагон: Чархболҳои артиши собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба дасти Толибон дода намешавад

Нашр шуд

Пентагон рӯзи сешанбе эълон кард, ки чархболҳои артиши собиқи Афғонистон ба ин кишвар бозгардонда нахоҳад шуд.

Пас аз суқути ҳукумати пешин шуморе аз халабонҳои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон чархболҳоро ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол доданд. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар низ бо чаҳорчарха ба Ӯзбакистон фирор кардааст.

Муҳаммад Ёқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Толибон* ахиран ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳушдор дода буд, ки чархболҳои низомиёни собиқро ба Афғонистон баргардонанд.

Бо ин ҳол, Ҷон Кирбӣ, сухангӯи Пентагон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Пентагон талош дорад сарнавишти чархболҳоро ҳал кунад.

Вай гуфт: "Фикр мекунам, метавон тахмин кард, ки чархболҳо барои истифодаи Толибон ба Афғонистон фиристода намешаванд."

Манобеъ дигар ба рӯзномаи “independent” гуфтаанд, ки ин чархболҳо ба Украина дода хоҳад шуд.

Вазорати дифоъи ИМА дар ин маврид посухи дақиқ ироа накардааст.

*Толибон – Ҳаракати тероррористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


ИМА таҷҳизоти низомиеро, ки қарор буд ба артиши Афғонистон диҳад ба Украина мефиристад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед