Ru  | Tj
“Персиполис”-и Теҳрон ду футболбози ҷавони тими “Истиқлол”-и Душанберо харид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Персиполис”-и Теҳрон ду футболбози ҷавони тими “Истиқлол”-и Душанберо харид
Акс: Sputnik

“Персиполис”-и Теҳрон ду футболбози ҷавони тими “Истиқлол”-и Душанберо харид

Нашр шуд

Бошгоҳи “Персиполис”-и Эрон ду футболбози тими мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанберо харид.

Федерастияи футболи Тоҷикистон дирӯз расман аз гузариши ду ҳимоятгари тими мунтахаб ва бошгоҳи “Истиқлол” Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров ба дастаи “Персиполис” хабар дод. 

Манбаъ гуфтааст, бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Персиполис” аллакай дар мавриди гузариши ин ду футболбоз ба тавофуқ расидаву дирӯз онҳо ба Эрон рафтаанд ва пас аз гузаштан аз муоинаи тиббӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо менамоянд. 

Ваҳдат Ҳаннонов 21 ва Манучеҳр Сафаров 20 сол доранд ва қаблан расонаҳои эронӣ навишта буданд, ки таваҷҷуҳи мудирияти “Персиполис”-ро ба худ ҷазб кардаанд.

"Персеполис"-и Теҳрон аз маъруфтарин ва қавитарин бошгоҳҳои Эрон дониста мешавад, ки дар Лигаи олии футболи ин кишвар бозӣ мекунад ва соли 1963 таъсис ёфтааст. 

Моҳи сентябр “Персиполис”-и Теҳрон дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё – 2021 бо “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кардаву бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуда буд. 

Расонаҳои эронӣ баъди ин бозӣ аз таваҷҷуҳи мудирияти “Персиполис” ба ду футболбози ҷавони тоҷик навиштанд. 

Футболбозони ҷавони тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифтанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед