Ru  | Tj
Пешгӯӣ: Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли ҷорӣ ба 15 дарсад мерасад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешгӯӣ: Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли ҷорӣ ба 15 дарсад мерасад
Акс: Интернет

Пешгӯӣ: Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли ҷорӣ ба 15 дарсад мерасад

Нашр шуд

Таҳлилгарони Бонки Осиëии Рушд дар Тоҷикистон  коҳиши рушди иқтисод ва афзоиши мизони таваррумро пешгӯӣ кардаанд.  

Бонки Осиëии Рушд дар гузориши нави худ навишт, ки тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба далели таъсироти манфии берунӣ коҳиш хоҳад ёфт, аммо 2023 боз ба рушд хоҳад расид.

Бар пояи гузориши БОР,  дар пайи гароншавии қимати маводи сӯхт ва маводи ғизоии воридотӣ, афзоиши минбаъдаи таваррум низ дар назар аст.

Дар гузориши ин бонк омадааст, ки агар дар соли гузашта сатҳи таваррум 8 фоиз бошад, пас дар соли 2022  он метавонад ба 15 дарсад баробар гардад.

Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон барои коҳиши таъсироти вазъи буҳронӣ ба иқтисоди миллӣ барномаҳои махсус таҳия гардидаанд ва захираи маҳсулоти лозима низ мавҷуд аст.

Моҳи гузашта Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба имзо расида буд, ки коршиносон инро ҳам аз чораҳои зидибуҳронии Душанбе медонанд.


Сарвари давлат соли 2022-ро чун соли вазнинтарин ва душвортарин пешгӯӣ кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед