Ru  | Tj
Пешгирӣ аз “омикрон”. Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии худ санҷишҳои иловагӣ ҷорӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешгирӣ аз “омикрон”. Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии худ санҷишҳои иловагӣ ҷорӣ кард
Акс: РИА Новости

Пешгирӣ аз “омикрон”. Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии худ санҷишҳои иловагӣ ҷорӣ кард

Нашр шуд

Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз вуруди “омикрон” ба кишвар дар гузаргоҳҳои марзӣ чораҳои иловагӣ андешида аст.

Ба гузориши Sputnik, дар ин бора дирӯз Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот додааст.

Ҷаъфаров гуфтааст, ки айни замон барои пешгирӣ аз паҳншавии штамми нави коронавирус аз онҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мегарданд, санҷишҳои илвагӣ гирифта мешавад.

Вай афзудааст, ваксинагирӣ дар кишвар низ суръат ёфтаву то имрӯз дар кишвар 68,8%-и аҳолӣ бо вояи якум ва 57% бо вояи дувум эм шудаанд.

Андешидани чораҳои иловагӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон дар ҳолест, ки штамми нави коронавирус - “омикрон” аллакай то ба Осиёи Марказӣ расидааст. Аз ҷумла, ниҳодҳои зидахли Ӯзбекистон ва Қирғизистон қаблан аз сабти “омикрон” дар қаламрави кишварҳояшон хабар дода буданд.

Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аз оғози соли 2022 то имрӯз ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус дар кишвар сабт нашудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз оғози ҳамагирӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 нафар шифо ёфтаву ва 124 нафар ҷон бохтааст.


Хатар наздиктар. Штамми “омикрон” ба Узбекистон ҳам расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед