Ru  | Tj
Пешниҳоди СММ: Нақшаи ҷаҳонии ваксинакунонӣ тартиб дода шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳоди СММ: Нақшаи ҷаҳонии ваксинакунонӣ тартиб дода шавад
Акс: UN news

Пешниҳоди СММ: Нақшаи ҷаҳонии ваксинакунонӣ тартиб дода шавад

Нашр шуд

Котиби генералии Созмони Миллали Муттаҳид Антониу Гутерриш пешниҳод намудааст, ки нақшаи эмкунии умумиҷаҳонӣ тартиб дода шавад. Дар ин бора расонаи “ВВС-NEWS” хабар додааст.

“Қисми зиёди сироятшудагон дар соли равон фавтиданд. Ҳарчанд ваксина умедбахш бошад ҳам, аммо раванди ваксинакунонӣ суст ба назар мерасад. Ғайр аз ин, паҳншавии вирус чӣ қадаре, ки васеъ шавад, ҳамон қадар навъҳои наву хатарнок пайдо мешавад”, - гуфтааст Антониу Гутерриш.

Котиби генералии СММ аз роҳбарони ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки нақшаи ҷаҳонии эмкуниро коркард намоянд. Ҳамчунин, ӯ пешниҳод намудааст, ки истеҳсоли ваксина ду маротиба зиёд гардонида шуда ва тариқи платфорамаи COVAX баробар тақсим карда шавад.

“То он даме, ки ҳама аз ваксина нагузаранд, ҳаёти ҳамаи мо дар хатар аст”,-чунин хулоса намудааст, Гутерриш.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози пандемия то рӯзи 8-уми июл шумораи фавтидагон аз сироятёбии коронавирус дар ҷаҳон ба 4 миллион нафар расид. Шумораи сироятёфтагон 185 миллион нафар буда, то ҳол 3,3 миллиард аҳолии кураи замин ваксина шудаанд.




Бастаи навбатии "Astrazeneca" моҳи август ба Тоҷикистон меояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед