Ru  | Tj
Пешниҳоди Тоҷикистон: Дар Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон баргузор шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳоди Тоҷикистон: Дар Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон баргузор шавад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пешниҳоди Тоҷикистон: Дар Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон баргузор шавад

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунии Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод мекунад, ки моҳи июли соли равон дар Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв ва Афғонистон баргузор шавад.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ оид ба натиҷаҳои музокироти миёни Душанбе ва Тошканд дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кишварамон дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз натоиҷи сафари ҳамтои ӯзбеки худ ҳамчунин таъкид намуд:

“Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунии Созмони Ҳамкории Шанхай пешниҳод мекунад, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узв ва Афғонистон дар доираи Гурӯҳи тамоси СҲШ -Афғонистон баргузор карда шавад”.

Сарвари давлат иброз дошт, ки ин платформа, инчунин барои муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ки дӯстони ӯзбек дар доираи СҲШ пешниҳод кардаанд, хидмат хоҳад кард.

“Мо ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳоро барои дастгирии раванди сулҳи Афғонистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамсояи умумиамон идома диҳем” – омадааст дар изҳороти Эмомалӣ Раҳмон.


Омӯзгорони Афғонистон барои такмили ихтисос ба Душанбе меоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед