Ru  | Tj
Пешниҳоди Тоҷикистонро пазируфтанд: СҲШ соҳиби гимн мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳоди Тоҷикистонро пазируфтанд: СҲШ соҳиби гимн мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди Тоҷикистонро пазируфтанд: СҲШ соҳиби гимн мешавад

Нашр шуд

Дар нишасти Вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе Низомнома дар бораи гимн ё суруди вижаи ин созмон ба мувофиқа расид.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 13-ум ва 14-уми июл дар Душанбе баргузор гардид, Низомнома дар бораи гимни СҲШ, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, бори аввал дар таърихи созмон мувофиқа карда шуд.

Интизор меравад, ки гимни СҲШ дар саммити Душанбе аз сӯи роҳбарони кишварҳои узви созмон тасдиқ карда шавад.

Имсол Тоҷикистон раёсати давраӣ дар Созмони Ҳамкории Шанхайро ба зимма дорад ва саммити ҷашнии ин созмон 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад. СҲШ соли 2001 таъсис ёфта, Русия, Тоҷикистон, Чин, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон узви он ҳастанд ва Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон мавқеи нозирро доранд.

Сайти расмии раёсатии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба кор даромад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед