Ru  | Tj
Пирӯзӣ бар COVID-19. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе ба коронавирус гирифтор нашуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пирӯзӣ бар COVID-19. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе ба коронавирус гирифтор нашуд
Акс: Anadolu Agency

Пирӯзӣ бар COVID-19. Дар Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта касе ба коронавирус гирифтор нашуд

Нашр шуд

Дар шабонарӯзи гузашта ягон нафар аз сокинони Тоҷикистон ба бемории коронавируси COVID-19 гирифтор нашуд, - хабар дод Вазорати тандурустӣ.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашуд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта ҳамчунин 5 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтанд.

Вазорат мегӯяд, то имрӯз беш аз 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар вояи якум ва 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар вояи дуюми ваксинаҳои зидди коронавирусро қабул намудаанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Душанбе аз 29 – уми август боз ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва ҳамаи муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ гузаштаанд.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксина ворид шудааст. Айни замон чор намуди ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мегардад.

Қаблан Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабаре эълом намуда буд, ки дар маҷмӯъ то шоми 31-уми август 2 миллиону 9 ҳазору 748 нафар сокини кишвар зидди бемории коронавирус ваксина гирифтаанд, ки ин баробар ба 34,5% аҳолӣ аст.

Ин ниҳод гуфта буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинони кишвар ваксина бигиранд.

Коронавирус дар Тоҷикистон: дар ду рӯзи гузашта боз 87 нафар гирифтор шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед