Ru  | Tj
Писари Осама бин Лодин барои дидор бо раҳбарони Толибон ба Афғонистон сафар кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Писари Осама бин Лодин барои дидор бо раҳбарони Толибон ба Афғонистон сафар кардааст
Акс: Интернет

Писари Осама бин Лодин барои дидор бо раҳбарони Толибон ба Афғонистон сафар кардааст

Нашр шуд

Дар гузориши таҳлилии Шӯрои Амнияти СММ гуфта мешавад, ки сафари писари бин Лодин Абдуллоҳ дар моҳи октябри соли гузашта ба Афғонистон барои мулоқот бо Толибон* сурат гирифтааст.

Толибон, ки 15-уми августи соли гузашта қудратро дар Кобул ба даст оварданд, иддао доранд, ки баъд аз пойбандии худ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равобит бо Ал-Қоида*-ро қатъ кардаанд.

Дар гузориши 39-уми таҳлилии гурӯҳи нозири таҳримҳои Шӯрои Амният гуфта мешавад, ки тибқи гузориши як узви ин Шӯро, Абдуллоҳ писари Осама бин Лодин моҳи октябр барои мулоқот бо раҳбарони Толибон ба Афғонистон сафар кардааст.

Шабакаи телевизионии “CNN News” ахиран бо истинод ба афроди наздик ба Ал-Қоида дар дохили Толибон, ки дар ҳукумати воқеъ дар Афғонистон (Толибон) мақомҳои баландро ишғол кардаанд, гузориш дода, ёвари собиқи Ал-Қоида низ ба Афғонистон бозгаштааст.

Дар гузориши Шӯрои Амният гуфта мешавад, ки пас аз шаш моҳи ҳукмронии Толибон, имкон дорад Афғонистон ба як паноҳгоҳи амн барои Ал-Қоида ва як қатор гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он табдил ёбад.

Гузоришҳои таъйиднашуда дар бораи марги раҳбари Ал-Қоида низ нашр шудаанд, ки то кунун тасдиқ нашудааст.

*Толибон – ҳаракати террористӣ

*Ал-Қоида – ҳаракати террористӣ


Бо омадани Толибон 1 миллион афғонистонӣ бекор шудаанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед