Ru  | Tj
Писари овозхони гуруҳи «Avesto» барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Бишкек шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Писари овозхони гуруҳи «Avesto» барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Бишкек шуд

Писари овозхони гуруҳи «Avesto» барандаи ҷоизаи байналмилалӣ дар Бишкек шуд

Нашр шуд

Дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек озмуни «BISHKEK MUSIC GAMES» бахшида ба 100 солагии оҳангсози машҳури қирғиз Мукаш Абдроев, бо ташаббуси Маркази ташаббусҳои эҷодии «Art aspect баргузор гардид. 

Дар ин озмуни бонуфуз Тоҷикистонро Табрез Халилов писари овозхони маъруфи тоҷик ва солисти гуруҳи “Avesto” муаррифи намуд. Иштирокчиён бояд ҳунару малакаҳои худро дар пианино,  асбобҳои торӣ, нафасӣ ва асбобҳои халқӣ нишон медоданд.

Бинобар сабаби пандемияи коронавирус, ин чорабини низ тариқи сабти видеои баромади худ баргузор гардида, ҳамаи иштирокчиён дар 3 категория пешниҳод шуданд: BRONZE LINE, SILVER LINE ва GOLD LINE. 

Бо иҷрои асари “Восточная Рапсодия”-и Ҷасур Халилов оҳангсоз ва пианинанавози маъруф Табрез Халилов дар категорияи BRONZE LINE иштирок карда, сазовори  дипломи Ҷоизадори дараҷаи-I гардид. 

Дар ин озмуни фарҳангӣ намояндагон аз Қазоқистон, 
Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Беларус ва Чин иштирок намуданд.

Оиди ин дастовард, модари Табрез Тахмина Рамазонова дар фейсбуки худ хабар дод.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед