Ru  | Tj
Пизишкиён: Ба ҳимояти ҳамаҷониба аз мардуми Фаластин идома медиҳем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пизишкиён: Ба ҳимояти ҳамаҷониба аз мардуми Фаластин идома медиҳем
Акс: аз манбаъҳои боз

Пизишкиён: Ба ҳимояти ҳамаҷониба аз мардуми Фаластин идома медиҳем

Нашр шуд

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, бар идомаи ҳимояти ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломӣ аз мардуми Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши ИСНА, Пизишкиён ин ҳарфҳоро рӯзи 10 июл бо ирсоли нома ба Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос баён кардааст.

Вай афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонии мардуми Фаластин ва муборизаи онҳо алайҳи Исроилро "қарзи башарӣ ва исломии худ" медонад ва ба ҳимояти ҳамаҷониба идома медиҳад.

"Ман мутмаинам, ки дар сояи истодагарии таърихии миллати муқовимати Фаластин ва Ғаззаи мазлум ва тавоно ва муборизаи қаҳрамононаи ҷангиёни муқовимати Фаластин дар ҷанги кунунӣ пирӯзӣ ва нусрати илоҳӣ насиби Фаластини азиз хоҳад шуд», - гуфт вай.

Қаблан раисиҷумҳури Эрон дар номаҳои ҷудогона ба Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ва Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, бар ҳимоят аз муқовимат дар минтақа бар асоси асли сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид карда буд.

Ин дар ҳолест, ки таниш миёни Ҳизбуллоҳ ва Исроил дар рӯзҳои ахир боло рафтааст.

Ба дунболи афзоиши ҳамлаҳо миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил хост, то аз шуълавар шудани ҷанг пешгирӣ кунад.

Хотиррасон мекунем, ки Масъуд Пизишкиён номзади ҷиноҳи ислоҳталабон бо касби беш аз 53 дарсади оро дар марҳалаи дувуми интихобот дар рӯзи 5 июл барандаи даври 14-уми интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон эълон шуд. Қарор аст, ки Пизишкиён раисҷумҳури мунтахаби Эрон рӯзи 30 июл савганд ёд карда, расман ба фаъолият дар ин симат оғоз кунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед