Ru  | Tj
Пои Толибон дар Аврупо. Норвегия аз Толибон ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон даъвати расмӣ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пои Толибон дар Аврупо. Норвегия аз Толибон ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон даъвати расмӣ намуд
Акс: Интернет

Пои Толибон дар Аврупо. Норвегия аз Толибон ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон даъвати расмӣ намуд

Нашр шуд

Амирхон Муттақӣ, Вазири умури хориҷаи Толибон*, ки рӯзи шанбе бо даъвати Норвегия бо як ҳайати мақомоти Толибон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вориди Норвегия шуд, гуфт, дар Осло бо мақомоти Норвегия, фиристодагони аврупоӣ ва амрикоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афғонҳо дидору гуфтугӯ дорад.

Вай ба Вазорати хориҷаи Норвегия барои фиристодани як ҳавопаймои чартерӣ барои интиқоли ҳайати Толибон изҳори сипос кард.

Вазири хориҷаи Толибон афзуд, ки ин нахустин сафари ӯ ба Аврупо аст ва умедвор аст, ки ин сафар дар заминаи кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон натиҷаи "мусбат" хоҳад дошт.

Вазорати хориҷаи Норвегия рӯзи ҷумъа бо нашри як изҳорот гуфт, ки намояндагони Толибон аз 23-ум то 25-уми январи соли 2022 ба Осло даъват шудаанд, то бо мақомоти Норвегия, намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин як қатор ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон, аз ҷумла занони фаъол мулоқот кунанд.

Вазорати хориҷаи Норвегия гуфт, ки қарор аст, Толибон рӯзи душанбе бо намояндагони Амрико, Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, Италия ва Иттиҳодияи Аврупо мулоқот кунанд.

Тибқи гуфтаҳои Вазорати корҳои хориҷии Норвегия рӯзи сешанбе ба музокироти дуҷонибаи ҳайати Толибон ва мақомоти Норвегия бахшида шудааст.

То ҳол ҳеҷ кишвари ҷаҳон Толибонро, ки феълан дар Кобул дар қудрат аст, ба расмият нашинохтааст ва Вазири хориҷаи Норвегия таъкид кардааст, ки музокирот ба маънои “эътироф” ё “шинохти” Толибонро надорад.

Қобили ёдоварист, ки ин гуфтугуҳо пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури расонаҳо баргузор мешавад.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Бо омадани Толибон 1 миллион афғонистонӣ бекор шудаанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед