Ru  | Tj
Покистон аз боздошти ёвари Усома бин Лодан хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон аз боздошти ёвари Усома бин Лодан хабар дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Покистон аз боздошти ёвари Усома бин Лодан хабар дод

Нашр шуд

Раёсати мубориза бо терроризми иёлати Панҷоби Покистон гуфт, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар Аминулҳақ, яке аз ёварони наздики Усома бин Лодан, бунёдгузори шабакаи террористии “Ал-Қоида”*-ро боздошт кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Geonews, Усмон Акрам Ганодол, яке аз афсарони воломақоми Идораи мубориза бо терроризми Панҷоб гуфтааст, ки ин “террорист” дар ҷараёни як амалиёти иктишофӣ дар вулусволии Гуҷарот боздошт шудааст.

Раёсати мубориза бо терроризми Панҷоб гуфтааст, ки Аминулҳақ яке аз ҷангиёни аршади “Ал-Қоида”* буд ва дар чанд амалиёти террористӣ даст доштааст.

Ин ниҳод афзуд, ки Амин-ул-ҳақ масъули ҳамоҳангсозии амнияти раҳбари “Ал-Қоида”* буд ва дар феҳристи террористони Созмони Милал қарор дорад.

Афсари баландпоя бо зикри он, ки алайҳи Аминулҳақ парванда боз шудааст, зикр кард, ки мақомот таҳқиқ хоҳанд кард, ки як террористи воломақом дар Покистон чӣ кор мекунад.

“Ӯро соли 2021 дар Афғонистон дидаанд. Ӯ ҳамчунин як корти шахсияти покистонӣ дорад, ки дар он суроғаҳои Лоҳур ва Ҳорипур илова шудааст", - гуфт Усмон Акрам Ганодол.

Сомонаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки Аминул Ҳақ соли 1960 дар вилояти Нангарҳори Афғонистон таваллуд шудааст. Ӯ 25 январи соли 2001 ҳамчун террорист муаррифӣ шуд.

Бояд гуфт, ки Усома бин Лодан, бунёдгузори шабакаи террористии “Ал-Қоида”* низ дар соли 2011 дар Абботободи вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ кушта шуд.

Инчунин Айман аз-Завоҳирӣ, вориси бин Лодан низ дар соли 2022 пас аз ба қудрат расидани Толибон* дар Кобул кушта шуд.

*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед