Ru  | Tj
Покистон аз Толибон боздошт ва истирдоди роҳбари бахши “Толибони Покистон”-ро талаб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон аз Толибон боздошт ва истирдоди роҳбари бахши “Толибони Покистон”-ро талаб кард
Акс: armanmeli.ir

Покистон аз Толибон боздошт ва истирдоди роҳбари бахши “Толибони Покистон”-ро талаб кард

Нашр шуд

Рӯзномаи «Express Tribune»-и Покистон гузориш додааст, ки вазорати умури хориҷаи ин кишвар сафири Толибон* дар Исломободро даъват карда ва аз ӯ хостааст, ки Ҳофиз Гул Баҳодур, раҳбари бахши «Таҳрики Толибони Покистон»*-ро боздошт ва ӯро ба ин кишвар супорад.

Ин рӯзнома бо истинод ба Вазорати хориҷаи Покистон навиштааст, ки сафири Толибон дар Исломобод рӯзи 28-уми ноябр ба нишони эътироз ба ҳамлаи ду рӯзи пеш дар шаҳри Бану ба ин вазорат даъват шуда, аз вай чаҳор дархост, аз ҷумла истирдоди Ҳофиз Гул Баҳодур талаб карда шудааст.

Бар асоси эъломи артиши Покистон, рӯзи 26-уми ноябр як ҳамлагари мотосиклсавор корвони нерӯҳои амниятии ин кишварро дар минтақаи шаҳри Бану дар вилояти Хайбар-Пахтунхва ҳадаф қарор дод, ки дар натиҷа ду ғайринизомӣ кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шуданд.

Маркази матбуоти артиши Покистон рӯзи 27-уми ноябр эълом кард, ки ҳамлагар шаҳрванди Афғонистон буда, ба гурӯҳи Ҳофиз Гул Баҳодур иртибот дорад.

Нашрияи “Express Tribune” бо такя ба манобеъи худ навиштааст, ки Вазорати хориҷаи Покистон таҳқиқи ҳамаҷониба дар бораи ин ҳамла ва иқдомоти шадид алайҳи омилони онро аз ҳукумати Толибон тақозо кардааст.

Ба гузориши ин расона, вазорати умури хориҷаи Покистон нигаронии ҷиддии худро аз истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон алайҳи он кишвар ба сафири Толибон изҳор карда ва бори дигар хостори ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳамлаҳо шудааст.

Бояд гуфт, ки Покистон борҳо шаҳрвандони Афғонистонро ба даст доштан дар ҳамлаҳои маргталабона дар ин кишвар муттаҳам кардааст ва бино ба гузориши “Express Tribune”, ҳамлаи рӯзи 26-уми ноябр дар шаҳри Бану 16-умин ҳамлаи маргталабона дар Покистон аст, ки аз сӯйи як шаҳрванди Афғонистон анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол чанде пеш Анварулҳақ Кокар, иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири Покистон гуфт, ки аз замони тасарруфи Толибон дар Афғонистон, ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Покистон афзоиш ёфта ва дар ду соли ахир шаҳрвандони Афғонистон 15 ҳамлаи интиҳорӣ анҷом додаанд.

Гурӯҳи Толибон дар Афғонистон то ҳол ба иддаои нави Покистон вокуниш нишон надодааст, вале онҳо ҳамеша иддаои Покистон дар мавриди истифода аз хоки Афғонистон алайҳи ин кишварро рад кардаанд.

*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед