Ru  | Tj
Покистон иқомати тақрибан якуним миллион афғонро барои як соли дигар тамдид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон иқомати тақрибан якуним миллион афғонро барои як соли дигар тамдид кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Покистон иқомати тақрибан якуним миллион афғонро барои як соли дигар тамдид кард

Нашр шуд

Давлати Покистон 10 июл тасмим гирифт, ки ҳаққи иқомати ҳудуди якуним миллион паноҳанда ва муҳоҷири сабтиномшудаи афғонро барои як соли дигар тамдид кунад. 

Ба ин тартиб, эътибори кортҳои сабти номи афғонҳо, ки 30 июн ба поён расида буд, тамдид мешавад.

Ин ҷаласаи ҳукумати Покистон таҳти раёсати нахуствазир, Шаҳбоз Шариф баргузор шуд. Ин тасмим аз ҷониби ҳукумати Покистон дар ҳоле гирифта шудааст, ки гузоришҳо дар бораи мутаваққиф шудани бозгардонидани афғонҳои бидуни санад ба ватанашон нашр мешаванд. Ҳукумати муваққати Покистон моҳи октябри соли гузашта эълон кард, ки ба далели "нигарониҳои амниятӣ" шаҳрвандони хориҷии бидуни асноди иқоматро ихроҷ мекунад.
 
Бозгашти паноҳандагон ва муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷати афғон аз 1 ноябри соли гузашта оғоз шуда, ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ, дар натиҷаи ин раванд ҳудуди 600 ҳазор афғон ба Афғонистон баргардонида шуданд.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки дар ин кишвар ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазор паноҳҷӯи афғон бидуни ҳуҷҷат ба сар мебаранд, ки аксари онҳо 40 сол боз дар Покистон ба сар мебаранд.

Дар соли 2006 ҳукумати Покистон ба 1 миллиону 300 ҳазор муҳоҷир ва паноҳандаи афғон корти иқомат дод. То кунун муҳлати ин корти паноҳҷӯёни афғон панҷ маротиба тамом шудааст.

Бар асоси гузориши Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, бар изофаи корти сабти ном, беш аз 800 ҳазор нафар кортҳои шаҳрвандии Афғонистонро доранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед