Ru  | Tj
Покистон муовини сафири Толибон* дар Исломободро эҳзор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон муовини сафири Толибон* дар Исломободро эҳзор кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Покистон муовини сафири Толибон* дар Исломободро эҳзор кард

Нашр шуд

Вазорати хориҷаи Покистон эълом кард, ки ба нишони эътироз ба ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Бану дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, муовини сафири Толибон* дар Исломободро ба вазорат фаро хонд.

Ин вазоратхона ахиран бо нашри баёнияе гуфт, ки эътирози қотеи худро аз ин ҳамла ба муовини сафорати Толибон* баён кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 15 июл ҳамла ба як пойгоҳи низомии Покистон дар минтақаи Бану сурат гирифт, ки дар он ҳашт сарбози артиши ин кишвар кушта шуд.

Вазорати хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ин ҳамларо гурӯҳи "Ҳофиз Гул Баҳодур", мустақар дар Афғонистон анҷом додааст.

"Гуруҳи Ҳофиз Гул аҳодур ҳамроҳ бо Таҳрики Толибони Покистон, масъули кушта шудани садҳо ғайринизомӣ ва маъмурони амниятӣ дар ҳамалоти сершумори террористӣ дар дохили Покистон аст", - гуфт Вазорат.

Вазорати хориҷаи Покистон афзуд, ки бо даъвати муовини сафорати Толибон* аз ин гуруҳ хостааст, ки ҳамла дар минтақаи  Бануро ҳамаҷониба таҳқиқ карда, алайҳи омилони он чораҳои фаврӣ, шадид ва муассир биандешанд ва аз такрори чунин ҳамлаҳо ба Покистон бо истифода аз хоки Афғонистон ҷилавгирӣ кунад.

Бояд гуфт, ки Покистон қаблан низ гуруҳи Ҳофиз Гул Баҳодурро масъули чандин ҳамла алайҳи артиши ин кишвар дониста буд.
 
Вазорати корҳои хориҷӣ ва артиши Покистон аз Толибон* хостаанд, ки Ҳофиз Гул Баҳодур ва афроди ӯро боздошт ва ба ин кишвар супоранд.

Чанде пеш Муҳсин Нақвӣ, вазири умури дохилии Покистон низ аз Толибон* хост, ки ба далели нақши ин гурӯҳ дар ноамниҳои ахир дар ин кишвар, аъзои Таҳрики Толибонро боздошт ва ба Исломобод интиқол диҳад.

Масъулони Толибон* ба иқдоми вазорати хориҷаи Покистон ва иддаои ин кишвар вокуниш нишон надодаанд, вале қаблан борҳо таъкид кардаанд, ки ба ҳеҷ гурӯҳе иҷоза нахоҳанд дод, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигар истифода кунад.


 *- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед