Ru  | Tj
Покистон: Нахуствазири собиқ - Имрон Хонро террорист хонданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Покистон: Нахуствазири собиқ - Имрон Хонро террорист хонданд
Акс: Интернет

Покистон: Нахуствазири собиқ - Имрон Хонро террорист хонданд

Нашр шуд

Мақомоти интизомии Покистон дирӯз нахуствазири собиқи ин кишвар Имрон Хонро ба даст доштан дар аъмоли террористӣ муттаҳам донист.   

Хабаргузории Sputnik навиштааст, ки иттиҳоми даст доштани Имрон Хон ба терроризмро пулиси Покистон пас аз он эълом намуда, ки нахуствазири собиқ ҳангоми суханронӣ дар пойтахти кишвараш шаҳри Исломобод бо таҳдид ба афсарони пулис гуфта, онҳоро барои аъмоли хилофи қонун ба додгоҳ хоҳад кашид.  

Манбаъ афзудааст, ки чанд соат пас аз эъломи ин иттиҳоми пулис алайҳи Имрон Хон, неруҳои интизомӣ манзили ӯро муҳосира карданд ва дастгир шудани нахуствазири собиқ низ аз эҳтимол дур нест.

Имрон Хон дар суханронии ахири худ дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе қозӣ Зебо Чоудрӣ, ҳамчунин мақомоти пулис ва Комиссияи интихоботии Покистонро таҳдид кардаву ҳушдор дода буд, ки ҳатман ба паёмадҳои рафторҳои ғайриқонунии худ рӯбарӯ мешаванд.

Дар ин ҳол, рӯзномаи “New York Times” навиштааст, ки боздошти ӯ метавонад Покистонро вориди давраи тозаи нооромиҳои шаҳрвандӣ ва эътирозҳои хушунатомез гардонад.

Бояд гуфт, ки Имрон Хон соли 2018 ба қудрат расид ва моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи раъйдиҳии баҳсбарангези нобоварӣ аз ҷониби вакилони парлумони кишвараш аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд. Худи вай баъдтар ин ҳолатро як тавтеаи тарҳрезишуда таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонд.

Бархе аз коршиносон қаблан Имрон Хонро аз пуштибонҳои аслии гурӯҳи Толибон* унвон мекарданд, ки соли гузашта дар Афғонистон зимоми қудратро ба даст гирифт.

* Толибон – созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон

Тоҷикистон дар қазияи Тайван аз мавқеи Чин ҳимоят кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед