Ru  | Tj
Порлумони Ироқ муҷозоти то 15 соли зиндон барои ҳамҷинсгароиро тасвиб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Порлумони Ироқ муҷозоти то 15 соли зиндон барои ҳамҷинсгароиро тасвиб кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Порлумони Ироқ муҷозоти то 15 соли зиндон барои ҳамҷинсгароиро тасвиб кард

Нашр шуд

Рӯзи 27-уми апрел парлумони Ироқ қонунеро тасвиб кард, ки барои ҳамҷинсгароӣ то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
 
Гуфта мешавад, ки ин амал бо ҳадафи "ҳифзи арзишҳои динӣ" сурат гирифтааст.
 
Ҳадафи ин қонун "ҳифозати ҷомеъаи Ироқ аз фасоди ахлоқӣ ва даъват ба ҳамҷинсгароӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст" унвон мешавад.
 
"Қонуни мубориза бо танфурӯшӣ ва ҳамҷинсгароӣ" равобити ҳамҷинсиро мамнуъ мекунад ва барои ин гуна равобит аз 10 то 15 соли зиндон муҷозот пешбинӣ мешавад. Барои афроде, ки ба ҳамҷинсгароӣ ё танфурӯшӣ таблиғ мекунанд, ҷазои 7 соли зиндон муқаррар шудааст.
 
Бар асоси ин қонун барои афроде, ки "ҷинсияти биологӣ"-и худро иваз мекунанд ва ё қасдан либоси занона мепӯшанд, аз як то се соли зиндон пешбинӣ шудааст.
 
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти созмонҳо ва ниҳодҳое, ки ба танфурӯшӣ ва ҳамҷинсгароӣ дар Ироқ ташвиқ мекунанд, мамнуъ шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед