Ru  | Tj
Поёни маъмурият. Дидори Зоҳидӣ бо Ҳодии Сулаймонпур ва тақдими номаи Сироҷиддини Муҳриддин

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Поёни маъмурият. Дидори Зоҳидӣ бо Ҳодии Сулаймонпур ва тақдими номаи Сироҷиддини Муҳриддин
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поёни маъмурият. Дидори Зоҳидӣ бо Ҳодии Сулаймонпур ва тақдими номаи Сироҷиддини Муҳриддин

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон бо Ҳодии Сулаймонпур, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 15-уми август маъмурияташ дар ин симмат ба анҷом расид, мулоқот кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ дар ин дидор ба Ҳодии Сулаймонпур номаи Сироҷиддин Муҳриддинро тақдим кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин нома Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон саҳми Сулаймонпурро дар тавсеаи фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурсамар хонда, ба ӯ дар фаъолиятҳои ояндааш муваффақият орзу намудааст.

Сулаймонпур аз Сафири тоҷик хостааст, ки табрикоти ӯро ба муносибати 30-солагии Истиқлол ба мардуми тоҷик ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон расонад.

Ҳамчунин Ҳодии Сулаймонпур ба Низомиддин Зоҳидӣ Тасдиқнома дар бобати ҳамчун пойтахти сайёҳии СҲИ пазируфта шудани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2021-ро тақдим намудааст.

Лозим ба зикр аст, ки акнун дар мақоми Дабири кулли ин созмон дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ фаъолият менамояд.

Нозирӣ бо ризояти Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Дабири кулли ин созмон таъин шудааст.

Хусрав Нозирӣ 54 сол дорад ва қаблан ҳамчун муовини Вазири корҳои хориҷӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср, Африқои ҷанубӣ ва Марокаш кор кардааст.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, Тоҷикистон соли 1992 узви ин созмон гардидааст. Айни замон даҳ кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Теҳрон аст.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед