Ru  | Tj
Пойгоҳи давлатии ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пойгоҳи давлатии ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Пойгоҳи давлатии ҷустуҷӯи кор дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард

Нашр шуд

Ҳадафи роҳандозии сомонаи www.kor.tj эҷоди иртиботи мустақим миёни корфармоёну корҷӯён дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Пойгоҳи интернетии www.kor.tj дар чаҳорчӯби лоиҳаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Тавонмандсозии ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва навоварӣ», ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, таъсис дода шудааст.

Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Зимни муаррифии ин пойгоҳи интернетӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, Қиёмиддин Давлатзода муовини ин вазорат изҳор дошт, ки ин пойгоҳ мақоми манбаи расмии нашри эълони ҷойҳои холии корӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ маҳсуб шуда, ширкатҳои хусусӣ низ метавонанд пас аз сабти ном эълони ҷойҳои холии худро нашр кунанд.

Ба гуфтаи Давлатзода, роҳандозии ин пойгоҳи интернетӣ ба ҳалли мушкилоти рақамисозии хадамоти давлатӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Пойгоҳи мазкур дар сомонаи kor.tj дастрас буда, бо се забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фаъол ҳаст. Инчунин замимаи мобилии сомонаи мазкур дар барномаҳои Google Play ва App Store дастрас мебошад.

Гуфтанист, лоиҳаи «Такмили тавонмандии ҷавонон тавассути рушди касбӣ ва навоварӣ» аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар соли 2022 бо дастгирии молиявии Русия роҳандозӣ гардид. Ҳадаф аз ин лоиҳа таҳкими донишу малакаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва боло бурдани рақобатпазирии онҳо дар бозори кор аст.

Дар доираи лоиҳа инчунин дар панҷ муассисаи таълимии Тоҷикистон маркази навовариҳои рақамӣ низ таъсис дода шуд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед