Ru  | Tj
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо 30 тонки Т-72В3М муҷаҳҳаз гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо 30 тонки Т-72В3М муҷаҳҳаз гардид
Акс: Интернет

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо 30 тонки Т-72В3М муҷаҳҳаз гардид

Нашр шуд

Тонкҳоро ба Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр интиқол доданд.

Ба иттилои "Российская газета", пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо тонкҳои муосири  Т-72Б3М  муҷаҳҳаз карда шуд.

Таъкид мегардад, бартарияти тонкҳои мазкур дар он аст, ки аз ҳисоби хусусияти махсуси муҳофизатии зиреҳпӯши сарнишин тавоноии ҷангии тонкчиён ба маротиб меафзояд.

Гуфта мешавад, ки  тонки T-72B3M бори нахуст соли 2018 дар Русия дар форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Армия" муаррифӣ карда шудааст.

 Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст. 


Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед