Ru  | Tj
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то охири сол 30 танки замонавӣ мегирад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то охири сол 30 танки замонавӣ мегирад
Акс: Интернет

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то охири сол 30 танки замонавӣ мегирад

Нашр шуд

Бо сабаби тунд гардидани вазъ дар марз бо кишвари ҳамсоя - Афғонистон Пойгоҳи низомии 201 -и Русия бо тонкҳои нави муосир муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Ба иттилои "Интерфакс", маълумоти мазкурро сардори ҳайати зиреҳпӯши округи ҳарбии марказӣ Ҳаниф Беглов пешниҳод намудааст.

"Имрӯз мо баталёни танкии полки мотории тирандозии дивизияи танкиро пурра бо Т-72Б3М муҷаҳҳаз намудем", - афзудааст Беглов.

Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ дар навбати худ, илова намуд, ки танк бо силоҳи дорои баллистикаи такмилёфта ва захираи афзоянда бо усули муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Инчунин, мошинҳои ҷангӣ бо муҳаррики нав ва системаи коммуникатсионии зидди садои "Акведук" таъмин гардидаанд.

Хотиррасон менамоем, ки муддате пештар Русия барои муҷаҳҳазгардонии пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон мошинҳои ҳарҷогард,17 мошини ҷангии пиёдагарди муосир (BMP-2M) ва яроқҳои дигари замонавӣ дода буд.




Бузургтарин гузашти низомӣ дар Тоҷикистон. Раҳмон сарбозону афсаронро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед