Ru  | Tj
Пойтахти Қазоқистон дубора Остона шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пойтахти Қазоқистон дубора Остона шуд
Фото: Sputnik

Пойтахти Қазоқистон дубора Остона шуд

Нашр шуд

Раисиҷумҳури Қазоқистон қонунеро  имзо кард, ки тибқи он пойтахти кишвар дубора ба худ номи Остонаро мегирад.

Ба гузориши Sputnik, Қосим-Жомарт Тоқаев қонун "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон"-ро имзо кард, ки дар он аз ҷумла дар бораи баргардондани номи пешини пойтахти Қазоқистон оварда шудааст.

Пойтахти Қазоқистонро се соле пеш ба номи нахустин Президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев гузошта буданд. Нурсултон Назарбоев тақрибан 30 сол роҳбари Қазоқистон буд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, дар банди дигари ин қонун тағйироти муқаррароти муҳлати президентӣ дар назар дошта шудааст. Тибқи он акнун раисиҷумҳури Қазоқистон метавонад танҳо ба як мӯҳлати ҳафтсола интихоб шавад. Қаблан як нафар метавонист ду бор ба муҳлати панҷсолӣ роҳбари Қазоқистон интихоб гардад.


Сарвари давлати Қазоқистон: “Дар тазоҳуроти ахир дар кишвар ҷангҷӯён аз Афғонистон низ ҳузур доштанд”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед