Ru  | Tj
Президенти собиқи Қирғизистон намояндаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон таъйин шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти собиқи Қирғизистон намояндаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон таъйин шуд
Акс: Sputnik

Президенти собиқи Қирғизистон намояндаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон таъйин шуд

Нашр шуд

Роза Отунбоева, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон ба мақоми намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони милал ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон интихоб шуд. 

Дафтари матбуоти Созмони Милали Муттаҳид хабар дод, ки Антониу Гутерриш фармони намояндаи махсуси ӯ ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон таъйин шудани Роза Отунбоеваро рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта имзо кардааст.

Манбаъ бо тавсиф аз ин бонуи сиëсатмадори қирғиз аз ҷумла гуфтааст, ки Отунбоева таҷрибаи 35-солаи кор дар соҳаи идоракунӣ, дипломатия, фаъолияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории байналмилалиро дорад.

Бояд гуфт, ки Роза Отумбоева дар мақоми намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони милал ва роҳбари Намояндагии СММ дар Афғонистон Дебора Лионсро иваз намуд.

Роза Отунбоеваи 72-сола хатмкардаи факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав аст ва солиëни дароз дар кишвараш дар вазифаҳои муҳимми давлатӣ ва ҳизбӣ кор кардааст. Аз ҷумла вай чанд муддат ба ҳайси Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон кор карда, аз июли соли 2010 то декабри соли 2011 президенти Қирғизистон буд.

Ӯзбекистон 24 афғонро барои убури ғайриқонунии марз боздошт кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед