Ru  | Tj
Президент: "Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба ноҳияи Лахш хеле ночиз аст"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент: "Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба ноҳияи Лахш хеле ночиз аст"
Акс: The World News

Президент: "Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба ноҳияи Лахш хеле ночиз аст"

Нашр шуд

Сафарҳои кории Президент дар партави таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷиҳати шиносоӣ аз вазъу шароити сокинон дар саросари кишвар идома дорад. Имрӯз Сарвари кишвар дар ноҳияи Лахш қарор дорад.

Ҳангоми сӯханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Лахш Сарвари давлат арз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Ба шарҳи раисҷумҳур, барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳияи Лахш беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо шудааст.

Илова бар ин, дар давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳияи Лахш 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба андозаи зиёда аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 3 лоиҳаи дигар идома дорад.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ба ноҳия, ки дар давоми 30 сол ҳамагӣ 150 ҳазор сомониро ташкил намудааст, изҳори норозигӣ намуд ва сохтору мақомоти дахлдорро водор сохт, ки дар ин бора чораандешӣ кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар даврони истиқлол ҷиҳати сохмони иншооти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳияи мазкур зиёда аз 340 миллион сомонӣ равона шудааст ва бо мақсади беҳтар гардонидани шароити зисти сокинон қариб 1450 гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасон ҷудо гардидааст.

Хотирнишон менамоем, ки дар соли 2020 дар натиҷаи заҳмати кишоварзони ноҳияи Лахш ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 333 миллион сомонӣ баробар гардида, ин нишондод нисбат ба солҳои қаблӣ 3 баробар зиёд шуда буд.

Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед