Ru  | Tj
Президент ба 37 нафар рутбаи генералӣ дод. Дар байнашон як зан ҳам ҳаст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент ба 37 нафар рутбаи генералӣ дод. Дар байнашон як зан ҳам ҳаст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент ба 37 нафар рутбаи генералӣ дод. Дар байнашон як зан ҳам ҳаст

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як маросими вижа ба 37 нафар рутбаи генералӣ тақдим намуд, ки байни онҳо аввалин бор дар таърихи даврони истиқлол як зан ҳам ҳаст.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дода, афзуд, ки онҳое соҳиби рутбаҳои баланди генералӣ ва мукофотҳои давлатӣ шуданд, ки дар фаъолияти корӣ ба натоиҷи назаррас ноил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин маросим ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук” тақдим гардид.

Ҳамчунин 18 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо медали Шараф дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, дар миёни онҳое, ки имрӯз генерал шуданд, як нафар зан ҳам ҳаст. Аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон ин рутбаи баланд ба Саидвализода Барно Саиднабӣ, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Барно Саидвализода мутаваллиди соли 1973 аст ва қаблан дар вазифаҳои муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президент, Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроия ва муовини аввали Сардори Хадамоти иҷро кор кардааст ва номзади илми ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед