Ru  | Tj
Президент бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббиро мавриди истифода қарор дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббиро мавриди истифода қарор дод
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббиро мавриди истифода қарор дод

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро ифтитоҳ​ намуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, ин сохтмон аз бинои марказии 10-ошёна бо ду бинои 4-ошёна аз канорҳои чапу рости он иборат буда, барои фаъолияти маъмурияти донишгоҳ​ ва таълими донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, бинои нав аз 62 синфхонаи таълимии барҳаво, толори компютерӣ, 90 ҳуҷраи корӣ, 26 нуқтаи ёрирасон, 2 толори лексионӣ бо 500 ҷойи нишаст, 2 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст ва 4 озмоишгоҳи таълимӣ барои омӯзиши нозукиҳои илми тиб иборат мебошад.

Манбаъ меафзояд, бо дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон дар назди ин муассисаи таълимӣ​ “Маркази омӯзиши симулятсионӣ” низ таъсис дода шудааст.

Дар ин марказ​ вобаста ба салоҳияти асосии табибон барои расонидани кӯмаки таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳои муоинаи бемор, реаниматсияи дилу шушҳои калонсолон, наврасон ва навзодон, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи​ расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъкид намудааст, ки бо истифода аз беҳтарин шароити дар ин боргоҳи бузурги таълимӣ фароҳамгардида бояд дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро ҷомеаи имрӯза ба кадрҳои соҳибтахассуси ин даргоҳ ниёз дорад.

Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 83 сол муқаддам таъсис ëфта, дар давраи фаъолияташ зиёда аз 46 ҳазор табиб тайёр кардааст, ки аз он 1 ҳазору 500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд.

Ин муассиса аз рӯйи 5 ихтисос – “кори табобатӣ”, “педиатрия”, “ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа”, “духтури дандон” ва “фарматсия” мутахассис омода менамояд.

Айни замон дар донишгоҳ 1 академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 85 нафар доктори илм, профессор, 254 нафар номзади илм, дотсентон фаъолият доранд ва​ шумораи умумии донишҷӯёни ин боргоҳ 13 ҳазору 504 нафарро ташкил медиҳад.


Эмомалӣ Раҳмон бинои нави факултаи иқтисодӣ ва хобгоҳи навро ифтитоҳ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед