Ru  | Tj
Президент бо Раиси Милли Меҷлисии Озорбойҷон Соҳиба Ғаффорова мулоқот кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент бо Раиси Милли Меҷлисии Озорбойҷон Соҳиба Ғаффорова мулоқот кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент бо Раиси Милли Меҷлисии Озорбойҷон Соҳиба Ғаффорова мулоқот кард

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти пайваста медиҳад.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Соҳиба Ғаффороваро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ мулоқот кард, - хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президент.

Гуфта мешавад,  дар ин дидор масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Тарафҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва расондани кумаки моддӣ ба Тоҷикистон дар давраи пандемия ба масъалаи фаъолсозии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва қабули Нақшаи чорабиниҳои ҳамкории иқтисодӣ то соли 2025-ум таъкид кардаанд.

Манбаъ меафзояд, масоили густариши ҳамкории кишварҳо дар соҳаи ояндадори кооператсияи саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои истихроҷ ва коркард ва ҳамкории ширкатҳои “Талко”-и Тоҷикистон ва “Азералюминӣ”-и Озарбойҷон аз дигар меҳварҳои ин мулоқот будааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Соҳиба Ғаффорова таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сармоягузорӣ, туризм, нақлиёту коммуникатсия ва барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни Душанбеву Бокуро барои рушди муносиботи ду кишвар зарур шуморидаанд.

Раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дирӯз бо як сафари расмӣ вориди  Душанбе шуда буданд.

Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд.

Қаблан Рустами Эмомалӣ ва дигар роҳбарони воломақоми Тоҷикистон низ бо сафарҳои расмӣ ба Озарбойҷон рафта буданд.


Вазирони хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд мулоқот карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед