Ru  | Tj
Президент дар Бӯстону Бобоҷон Ғафуров чанд корхонаи нави саноатиро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент дар Бӯстону Бобоҷон Ғафуров чанд корхонаи нави саноатиро ифтитоҳ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Президент дар Бӯстону Бобоҷон Ғафуров чанд корхонаи нави саноатиро ифтитоҳ намуд

Нашр шуд

Дар рӯзи аввали сафари кории худ ба Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани чандин корхонаи нав дар Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров ширкат ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилоят дидан намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо як сафари корӣ вориди шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд шуд ва дар шаҳру навоҳии ин вилоят чандин иншооти тозабунёдро ифтитоҳ кард.

Манбаъ меафзояд, Президент нахуст дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғдро расман ифтитоҳ кард. Гуфта мешавад, ин муассиса бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба безараргардонӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 бунёд ёфтааст.

Дар идома бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи қолинбофии КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» расман оғоз ба кор кард. Манбаъ ин коргоҳи қолинбофии дастиро нахустин дар кишвар унвон намуда, афзудааст, ки дар он ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғул мешаванд.

Ҳамчунин, Президент дар ин шаҳр корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи ҶДММ «Дурахшон Бӯстон»-ро ба истифода дод. Ин корхона бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори истеҳсолияш коркарди дар як моҳ 20 ва дар як сол 240 тонна ашёи хом мебошад.

Манбаъ гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Бӯстон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, дар ин ноҳия корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ «Ориён Пак»-ро мавриди истифода қарор додааст ва аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилоят дидан намудааст.

Лозим ба зикр аст, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд то се рӯзи дигар идома меёбад. Қаблан Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни ин сафар Президент дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи иншооти нави таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба таври пайваста ба манотиқи гуногуни кишвар сафар мекунад ва дар баробари ифтитоҳи иншоот бо мардум ва фаъолон суҳбатҳо меорояд. Моҳи феврали соли ҷорӣ низ Сарвари давлат ба вилояти Суғд рафта буд.


Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед