Ru  | Tj
Президент дар Истаравшан нахустин корхонаи тавлиди бомпӯшҳои пластикӣ дар кишварро ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент дар Истаравшан нахустин корхонаи тавлиди бомпӯшҳои пластикӣ дар кишварро ифтитоҳ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Президент дар Истаравшан нахустин корхонаи тавлиди бомпӯшҳои пластикӣ дар кишварро ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар Суғд ба шаҳри Истаравшан рафт ва нахустин корхонаи тавлиди бомпӯшҳои пластикӣ дар кишварро ифтитоҳ намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан рафт ва дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани чандин иншооти тозабунёд ширкат намуд.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дод ва бо раванди тавлиди маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ошно гардид.

Ба Президент иттилоъ доданд, ки корхонаи нави бисёрсоҳавии “Шарафи рӯз” аз коргоҳҳои истеҳсоли бомпӯшҳои пластикӣ, қубурҳои зангназананда, ранги равғанин, қуттиҳо барои ранг, қуттиҳои пластикӣ, кафкҳои сохтмонӣ, герметик иборат мебошад.

Бояд гуфт, ки “Шарафи рӯз” нахустин корхонаи ватанист, ки роҳандозии истеҳсоли бомпӯшҳои пластикиро дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст.

Манбаъ афзудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхона 6500 метри мураббаъ бомпӯши пластикӣ, 6 тонна ранги равғанин, 4500 қуттии хушбӯй, 18 ҳазор қуттии пластикӣ барои меваю сабзавот ва 2500 қуттӣ кафки сохтмонӣ дар як моҳ буда, маҳсулот дар марҳилаи аввал асосан барои таъмини бозори дохилӣ равона мегарданд.

Корхонаи муосири саноатии “Шарафи рӯз” бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ – Ислом Азимов ва Алишер Сабуров бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияҳоии муосири сохти Олмону Русия ва Чин муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳамчунин, имрӯз дар шаҳри Истаравшан дар доираи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чандин иншооти нави дигар, аз ҷумла корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии «Нури Истаравшан», Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии «Суғдиён» ва бинҳои маъмурии шуъбаи Раёсати КДАМ, шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба баҳрабардорӣ расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Сарвари давлат ба таври пайваста ба манотиқи гуногуни кишвар сафар мекунад ва дар баробари ифтитоҳи иншоот бо мардум ва фаъолон суҳбатҳо меорояд.

Сафари Президент дар Суғд то ду рӯзи дигар идома меёбад. Қаблан Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дода буд, ки дар ҷараёни ин сафар Президент дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маросими ифтитоҳи иншооти нави таъйиноти гуногун иштирок намуда, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти озӯқаворӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, захираи озуқаворӣ шинос мешавад.


Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед