Ru  | Tj
Президент дар навоҳии Темурмалику Данғара ду коллеҷи навро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент дар навоҳии Темурмалику Данғара ду коллеҷи навро ифтитоҳ намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент дар навоҳии Темурмалику Данғара ду коллеҷи навро ифтитоҳ намуд

Нашр шуд

Дирӯз дар доираи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар навоҳии Темурмалик ва Данғара ду коллеҷи нав ба баҳрабардорӣ расид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми октябр зимни сафари корӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дар ноҳияи Данғара “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуд.

Гуфта мешавад, Коллеҷи тиббии деҳаи Кангурт имкони ба таълим фаро гирифтани 250 нафар донишҷӯро дорад ва дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ ва китобхона барои 30 ҷой мебошад.

Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ноҳияи Данғара бошад, барои қабули 760 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми як сафари корӣ ба навоҳии Темурмалик ва Данғара рафта буд ва дар маросими ифтитоҳи чандин иншооти таъйиноти гуногун ширкат кард.

Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед