Ru  | Tj
Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд
Акс:SugdNews

Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд

Нашр шуд

Дар ҷараёни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд як корхонаи тавлиди шиферҳои асбестӣ ба баҳрабардорӣ расид.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон 7-уми октябр корхонаи “Ганҷофар” бо зарфияти тавлидии 500 дона шифери асбестӣ дар шабонарӯз ифтитоҳ шуд.

Манбаъ мегӯяд, ин корхонаи бо таҷҳизоти чинӣ муҷаҳҳаз бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ ва дар майдони 1,16 гектар бунёд ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин корхона ҳамчунин тавсия дод, ки бо истифода аз имконоти муносиб фаъолияти корхонаро вусъат дода, ҳаҷми истеҳсолро афзоиш диҳанд.

Зариф Самадов, муассиси ин корхона ба Президент ваъда додааст, ки дар муҳлати наздик як коргоҳи нави тавлиди рубероид сохта ба истифода медиҳад.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон 13 корхонаи тавлиди шифер фаъолият менамояд, ки зарфияти тавлидии онҳо дар сол баробар ба 4,2 миллион тонна аст.

Ҳамин гуна як корхонаро Эмомалӣ Раҳмон соли равон зимни сафари корияш ба Бохтар бо зарфияти истеҳсоли 1,1 миллион дона шифер дар сол ифтитоҳ карда буд.

Сарвари давлат дирӯз пас аз анҷоми сафари корияш дар вилояти Хатлон ба Суғд рафт ва дар маросими ифтитоҳи чандин иншоот, аз ҷумла чанд мактабу кӯдакистон ишркат варзид.

Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед