Ru  | Tj
Президент: Дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ фаъолият мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент: Дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ фаъолият мекунанд
Акс: АМИТ "Ховар"

Президент: Дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ фаъолият мекунанд

Нашр шуд

Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Швейтсария фаъолият мекунанд, - таъкид шуд дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Айван Глазенберг.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт ва дар мулоқоти онҳо масоили азнавсозии технологии Ширкати Алюминийи Тоҷик, коркарди пурраи алюминийи аввалия, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва афзоиш додани иқтидорҳои истеҳсолии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” то як миллион тонна, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни “ТАЛКО” ва «Гленкор» (Glencore International AG) дар панҷ соли охир беш аз як миллиард долларро ташкил додааст.

Манбаъ афзудааст, ки ҳамчунин зимни вохӯрӣ имконоти ҳамкорӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои коркард то ҳолати ниҳоӣ дар конҳои маъдани тилло, нуқра, сурмаву цинки Тоҷикистон ва сармоягузории ширкати “Гленкор” ҷиҳати бунёди корхонаи металлургӣ баррасӣ гардидааст.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед