Ru  | Tj
Президент эрод гирифт: Аз 27 корхонаи азими Тоҷикистон 10-тояш ба зарар кор кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент эрод гирифт: Аз 27 корхонаи азими Тоҷикистон 10-тояш ба зарар кор кардааст
Акс: ASIA-Plus

Президент эрод гирифт: Аз 27 корхонаи азими Тоҷикистон 10-тояш ба зарар кор кардааст

Нашр шуд

Соли гузашта аз 27 корхонаи азими Тоҷикистон даҳтояш фаъолияти худро бо зарари молиявӣ ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ ҷамъбаст кардаанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия гуфт, ки соли 2020 аз 27 корхонаи азим даҳ корхона фаъолияти худро бо зарари молиявӣ ба маблағи 4,9 миллиард сомонӣ ҷамъбаст кардааст.

Президент зимни суҳбат бо кормандони соҳаи молия бо зикри ин матлаб таъкид дошт, ки ба замми ин, аз ҷониби корхонаҳои зикршуда нақшаи андозҳо ба маблағи умумии 600 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамаро ба тарзи идоракунӣ ва фаъолияти молиявии корхонаҳо рабт додааст.

Вай гуфтааст, ки масъалаҳои идоракунӣ ва фаъолияти молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки назорати онҳо ба уҳдаи Вазорати молия вогузор шудааст, ташвишовар аст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бинои вазорат аз 11 ошёна иборат ва аз зумраи иншооти ҷашнии 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ифтитоҳи 200 корхона дар 9 моҳ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед