Ru  | Tj
Президент кормандони милитсияро ба иди касбияшон табрик намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент кормандони милитсияро ба иди касбияшон табрик намуд
Акс: Рӯзномаи "Вечёрка"

Президент кормандони милитсияро ба иди касбияшон табрик намуд

Нашр шуд

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи милитсияро ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кормандони милитсия, хизматчиёни ҳарбии Қушунҳои дохилӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати ҷашни касбияшон табрик намуд.

Дар паёми шодбошии худ раисҷумҳур таъкид дошт, ки дар муддати 30 соли истиқлолият кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати муҳофизати дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳифзи шараф ва ҳаёти осоиштаи аҳолии Тоҷикистон ва обрӯи халқу давлат мудом дар сафи пеш қарор доштанд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки садҳо нафар кормандони милитсия ҳангоми иҷрои вазифа ҷони худро фидо намудаанд, ки  Ҳукумати кишвар ва мардуми он қаҳрамонӣ ва хотираи неки фидокоронро ҳамеша пос медоранд.

Ба таъкиди Президент, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои таъминоти моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, ташкил намудани шароити мусоид ҷиҳати пешбурди вазифаҳои хизматӣ ва боз ҳам хубтар гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро меандешад.

"Бовар дорам, ки ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ ба савганди худ содиқ мемонанд."- шарҳ додааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ташаббуси Президенти кишвар ба Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид шуда, мувофиқи он 10 - уми ноябр  ҳамчун Рӯзи милитсия таҷлил карда мешавад. 

Табрикоти Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед