Ru  | Tj
Президент Ҷо Байден аз журналист Кейтлин Коллинз узр пурсид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент Ҷо Байден аз журналист Кейтлин Коллинз узр пурсид
Акс: Интернет

Президент Ҷо Байден аз журналист Кейтлин Коллинз узр пурсид

Нашр шуд

Дар фарҷоми вохӯрии сарони кишварҳои ИМА ва Русия барои журналистон нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд.

Ба иттилои ОИР "Новости", дар нишасти матбуотӣ Президент Ҷо Байден бо хабарнигори амрикоӣ Кейтлин Коллинз каме тунд суханронӣ кардааст. Кейтлин ҳангоми савол додан, қайд намудааст, ки дар саммити гузашта ҳеҷ иқдоми созанда ба назараш нарасидааст.

"Агар шумо ин чизҳоро намедонед, пас ин кор барои шумо нест",- дағалона посух додааст Байден.

Ба иловаи манбаъ, муддате пас президент аз журналист узр пурсида ва гуфтааст, ки "барои худро доно гирифтан, зарурат набуд".

Чанде пеш низ Ҷо Байден ВАО-и амрикоиро барои танқиди вохӯрии ӯ бо Путин сарзаниш намуда буд.

Ҳамчунин, Президенти Амрико ба саволи журналист дар бораи эътимоди ӯ нисбат ба Путин посухи ҷиддӣ ва аниқ надодааст. "Гӯш кунед, гап дар боварӣ нест, балки дар манфиатҳои шахсӣ ва амалишавии ин манфиатҳост",- изҳор дошт президент.



Путин гуфт, ки Байден бисёр ҳирфаист ва бардам ҳам менамояд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед