Ru  | Tj
Президентҳо дар бӯстонсаройи Варзоб вохӯрии ғайрирасмӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президентҳо дар бӯстонсаройи Варзоб вохӯрии ғайрирасмӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президентҳо дар бӯстонсаройи Варзоб вохӯрии ғайрирасмӣ намуданд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар доираи сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Дирӯз, баъд аз мулоқотҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, ки дар Душанбе қарор дорад, бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев нахуст табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, ҳамчунин вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

Бояд гуфт, ки нимаи дуюми рӯзи 19-уми май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо ба Тоҷикистон омад.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Қазоқистонро ба Душанбе хонд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед