Ru  | Tj
Президентҳо дар Брюссел густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгияро муҳокима намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президентҳо дар Брюссел густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгияро муҳокима намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президентҳо дар Брюссел густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгияро муҳокима намуданд

Нашр шуд

Дар Брюссел Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Элиан Тилйе, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, ин мулоқот рӯзи 11-уми октябр ва дар чорчӯби сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.

Дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва парлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ гардида, Эмомалӣ Раҳмон зимни он аз сатҳи кунунии равобит изҳори қаноатмандӣ кард.

Манбаъ мегӯяд, тарафҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро дар самтҳои фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва имконоти гардишгарии кишварҳо мавриди муҳокима қарор додаанд.

Ҷонибаҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин тавсеаи равобит дар самтҳои энергетика, саноат, илм ва маорифу беҳдошт алоқамандии зиёд иброз кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суҳбат аз хонум Элиан Тилйе даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо идома дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки имрӯз Сарвари давлат ба Фаронса меравад.

Моҳи август дар як гуфтугӯи телефонӣ Шарл Мишел, Президенти Иттиҳоди Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварда буд, ки бо як сафари корӣ ба Аврупо биёяд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи андоз


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед