Ru  | Tj
Президент: То соли 2026 садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент: То соли 2026  садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент: То соли 2026 садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки то чаҳор соли дигар дар Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни эътои унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба як гурӯҳи калони намояндагони касбу кори гуногун дар Қасри миллат дар мавриди рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ибрози назар кард.

Сарвари давлат дар ин маросим аз ҷумла гуфт, ки то ҷашни бузурги 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар ҳазорҳо иншооту биноҳои навбунёд сохта шуда, симои шаҳру навоҳии Тоҷикистон куллан дигаргун мегардад ва дар ин баробар, барои ҳамватанон садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, таъкид дошт, ки қаблан бо заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсти тоҷик барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 25 ҳазор иншооти  истеҳсоливу иҷтимоиро бунёд ва ба истифода супорида шуданд ва дар натиҷа шароити зиндагии мардум нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар гардидааст.

Манбаъ меафзояд, Президент аз онҳое, ки ба ин маросим барои гирифтани унвону мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ омада буданд, хостааст, ки саҳми ватандӯстонаи худро дар раванди ободонӣ ва боз ҳам пешрафта гардонидани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузоранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар як маросими вижа дар Қасри миллат ба 200 нафар намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим намуд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи таҷлил аз Рӯзи истиқлоли давлатӣ ба гурӯҳи калони намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, унвону ҷоизаҳои давлатӣ месупорад.

Дирӯз, аз ҷумла Президент Эмомалӣ Раҳмон ба 25 нафар  унвони фахрии "Корманди шоистаи Тоҷикистон", ба 1 нафар  унвони фахрии "Нависандаи халқии Тоҷикистон", ба 2 нафар унвони фахрии "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", ба 11 нафар  унвони фахрии "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон",  ба 1 нафар ордени "Шараф" дараҷаи I, ба 23 нафар  ордени "Шараф" дараҷаи II, ба 82 нафар медали "Хизмати шоиста",  ба 4 нафар медали "Шафқат", ба 1 нафар унвони фахрии "Нависандаи халқии Тоҷикистон", ба 2 нафар  унвони фахрии "Шоири халқии Тоҷикистон" тақдим намуд.


Корфармоён дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои холии кори мухталиф баргузор мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед