Ru  | Tj
Президент: Толибон* дастрасии Панҷшерро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ манъ кардаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент: Толибон* дастрасии Панҷшерро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ манъ кардаанд
Акс: РБК

Президент: Толибон* дастрасии Панҷшерро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ манъ кардаанд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД дар Душанбе гуфт, ки Толибон* (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон) дастрасии минтақаи Панҷшерро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон, 16-уми сентябр дар ҳузури сарони давлатҳои узви СААД аз амалкардҳои Толибон шадидан интиқод кард.

Раҳмон аз ҷумла гуфт: “Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал комилан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем”

Президенти Тоҷикистон афзуд, ки Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. “СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз имконияти иҷрои рисолати худ маҳруманд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат иброз дошт, ки низоми сиёсии Афғонистон бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони ин кишвар ва бидуни дахолати берунӣ муайян гардад.

“Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад”, - ҳушдор дод Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Дирӯз, 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон, Александр Лукашенко, Президенти Белорус, Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, Содир Ҷабборов, Президени Қирғизистон, ва дабири кулли созмон, Станислав Зас, ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор гардид.

Дар ин нишаст масоили мубрами амнияти байналмилалию минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти созмон дар давраи раёсати Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Тоҷикистон, инчунин мавзӯоти марбут ба вазъияти Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шаҳрвандони Афғонистон дар Душанбе барои дастгирии Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовимат ҷамъ омаданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед