Ru  | Tj
Президент ва Абдуқодирзода ба феҳрасти 500 – мусулмони бонуфузи дунё дохил шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент ва Абдуқодирзода ба феҳрасти 500 – мусулмони бонуфузи дунё дохил шуданд
Акс: Sputnik

Президент ва Абдуқодирзода ба феҳрасти 500 – мусулмони бонуфузи дунё дохил шуданд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон барои ҳафтумин бор ба феҳрасти 500 – мусулмони бонуфузи дунё ворид шуд. 

Ба гузориши Sputnik,  Маркази шоҳигарии пажӯҳишҳои роҳбурдии Уммон дирӯз феҳрасти нави 500- мусулмони таъсиргузори дунёро мунташир кард, ки дар он номи Эмомалӣ Раҳмон ва Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ҳаст. 

Гуфта мешавад, дар сегонаи садри ин феҳраст имсол амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ, подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ва Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари Эрон ҷой гирифтаанд.

Ҳамчунин, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Илҳом Алиев, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Рамзан Қодиров, Имрон Хон, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов, ҳамлагари дастаи миллии Миср Муҳаммад Салоҳ, шоҳ Муҳаммади VI, подшоҳи Марокаш ба ин феҳаст ворид шудаанд. 

Феҳрасти “The Muslim 500” аз соли 2009 ба ин сӯ ҳамасола нашр мешавад  ва ба он чеҳраҳое роҳ меёбанд, ки ба мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, мафкуравӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ дошта бошанд.

Номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ба ин феҳраст роҳ ёфта, акнун бори ҳафтум аст, ки ба рӯйхати 500 мусулмони таъсиргузор ворид мешавад. 

Саидмукаррам Абдулқодирзода аввалин бор соли 2015 ба ин феҳраст дохил шуда буд.  

Муфтии Тоҷикистон гуфт, ки Толибон аз ислому мусулмонӣ хеле дур ҳастанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед