Ru  | Tj
Президент ваъда дод. Масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент ваъда дод. Масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент ваъда дод. Масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳал мешаванд

Нашр шуд

Владимир Путин, Президенти Русия гуфт, ки ба хотири ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро ҳал менамояд.

Ба гузориши Sputnik, Владимир Путин дирӯз зимни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Санкт-Петербург ваъда дод, ки барои ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишварро ҳал мекунад.

Манбаъ мегӯяд, Путин дар ин дидор таъкид дошт, ки айни замон дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон муваққатан кору зиндагӣ мекунанд.

Президенти Русия ҳамчунин аз таваҷҷӯҳ ва ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди забони русӣ ситоиш кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои руси худ хост, ки дар фурсати барояш муносиб бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.

Эмомалӣ Раҳмон 27-уми декабр бо даъвати Владимир Путин ва ба манзури ширкат дар нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ ба Санкт-Петербург рафта буд.

Владимир Путин моҳи сентябри имсол барои ширкат дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ва ҳамчунин барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меомад, аммо ба сабаби ошкор шудани каронавирус дар атрофиёни худ сафарашро ба замони дигар мавқуф гузошт.

Коршиносон мегӯянд, пуле, ки муҳоҷирон аз Русия ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд, аз даромадҳои аслии хонаводаҳои тоҷик аст ва сатҳи некуаҳволии мардум ҳам аз ҳаҷми он вобаста мебошад.

Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ карда буд, ки дар соли 2022 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон тақрибан 25% афзоиш меёбад.

Дар мулоқоти Раҳимзода Рамазон бо Казакова Валентина Лвовна масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед