Ru  | Tj
Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод
Акс: Sputnik

Президенти Русия сабаби ба Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод

Нашр шуд

Президенти Русия дар нишасти Сарони аъзои СҲШ ва СПАД ба таври онлайнӣ иштирок мекунад.

Мувофиқи иттилои Хадамоти матбуоти Кремл, бо сабаби афзоиш ёфтани гирифторони бемории сироятии коронавирус дар байни атрофиёни Президенти Русия ӯ қарор кардааст, ки ба худинзивоъ равад.

Дар робита ба вазъияти баамаломада Владимир Путин бо Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, изҳор доштааст, ки бевости дар нишаст иштирок карда наметавонад ва фақат тариқи видеоконференсия имкони ба кори саммит пайваст шуданро дорад.

Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои актуалии ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, вобаста ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор намудаанд.

Қаблан интизор рафт, ки Президенти Русия Владимир Путин бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябр ба шаҳри Душанбе биояд ва онҳо вохӯрии вижа анҷом диҳанд. Ҳамчунин, дар назар буд, ки рӯзҳои 16-17-уми сентябр Владимир Путин дар нишасти Сарони давлатҳои узви СҲШ ва СПАД иштирок мекард.

Изҳори тасаллии Путин ба Раҳмон: Президентҳо сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед