Ru  | Tj
Президенти Тоҷикистон ва Вазири хориҷии Ҳиндустон вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон ва Вазири хориҷии Ҳиндустон вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон ва Вазири хориҷии Ҳиндустон вазъи Афғонистонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмиллалӣ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистонро муҳокима намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад.

Ба хабари Хадамоти матбуоти президент, вохӯрии ин ду ҷониб дирӯз дар Қасри миллат сурат гирифт.

Дар доираи мулоқот вазъи ҳозира ва дурнамои равобити Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои барои ҳар ду тараф манфиатовар, аз қабили сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо дар маркази муҳокима қарор гирифт.

Раисҷумҳури кишварамон аз сатҳи тамосҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва эътимоди дутарафаи ду давлати ба ҳам дӯст изҳори розигӣ намуд.

Ҳамчунин, дар рафти мулоқот масъалаи мубориза бо терроризми байналмиллалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ташкили ҷиноятҳои муташаккилона баррасӣ гардиданд.

Илова бар ин, масъалаи ҳамкории ин ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ, ба мисоли Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Миллали Муттаҳид мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар робита ба вазъияти Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор дошт: "Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар пойдор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад".

Имрӯз охирин рӯзи саммити Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон буда, он дар Қасри пойтахт "Кохи Наврӯз" дар толори "Дидор" баргузор мегардад.




Эмомалӣ Раҳмон ва Никол Пашинян: Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Арманистон ҷоннок карда шавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед