Ru  | Tj
Президенти тозаинтихоби Эрон: Равобити Душанбеву Теҳрон фаротар аз равобити одии ду кишвар аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти тозаинтихоби Эрон: Равобити Душанбеву Теҳрон фаротар аз равобити одии ду кишвар аст
Акс: EADaily

Президенти тозаинтихоби Эрон: Равобити Душанбеву Теҳрон фаротар аз равобити одии ду кишвар аст

Нашр шуд

Президенти тозаинтихоби Эрон Саид Иброҳим Раисӣ гуфт, ки бояд барои баланд бардоштани сатҳи равобити Душанбеву Теҳрон гомҳои ҷиддӣ гузошта шавад.

Бар пояи хабари сомонаи расмии Президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ рӯзи 4-уми август бо Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карда ва ба зарурати густариши ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намуд.

“Равобити Теҳрон ва Душанбе фаротар аз равобити одии ду кишвар бо якдигар аст ва бояд бо иттико ба наздикиҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ барои иртифои сатҳи ин равобит гомҳои ҷиддӣ бардошт” – изҳор дошт Раисӣ.

Вай ҳамчунин дар бобати вазъи Афғонистон гуфт, ки ноамниҳо дар ин кишвар ба нафъи ҳеҷ кас нест ва Эрону Тоҷикистон барои рафъи ин нигаронӣ бояд ҳамкориҳои наздиктаре дошта бошанд.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон зимни гузориш аз ин дидор хабар дод, ки Маҳмадтоир Зокирзода қабл аз оғози сӯҳбат салому эҳтиром ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Саид Иброҳим Раисӣ расонидааст.

Зокирзода гуфтааст, ки “густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳарду давлат дар сатҳи минтақа низ манфиатҳои зиёди муштарак доранд”.

Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон дар раъси ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти мунтахаби Эрон ба ин кишвар рафта буд.

Маросими савгандёдкунии Саид Иброҳим Раисӣ 5-уми август баргузор шуд. Барои ширкат дар ин маросим Эрон ба Президенти Тоҷикистон даъватнома ирсол карда буд, аммо Эмомалӣ Раҳмон ба далели сафари давлатияш дар Туркманистон натавонист ба Теҳрон биравад.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Эронро табрик кард: Мо хоҳони таҳкиму тавсиаи робитаҳои дӯстӣ ҳастем


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед