Ru  | Tj
Президенти Туркия: Дар ягон масъала бо Толибон ба тавофуқ нарасидаем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти Туркия: Дар ягон масъала бо Толибон ба тавофуқ нарасидаем
Акс: Anadolu Agency

Президенти Туркия: Дар ягон масъала бо Толибон ба тавофуқ нарасидаем

Нашр шуд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Президенти Туркия гуфт, ки намояндагони кишвараш дар фурудгоҳи пойтахти Афғонистон ҳузур надоранд.

Ба гузориши РИА Новости, Эрдуғон дар мусоҳибаи худ ба шабакаи телевизионии CBS таъкид дошт, ки “айни замон масъалае нест, ки мо сари он бо Толибон (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) ба тавофуқ расида бошем. Дар ин бора ҳарф задан ҳеҷ маънӣ надорад... зеро мо дар фурудгоҳ (манзур фурудгоҳи Кобул- Halva.TJ) ҳузур надорем."

Эрдуғон бо зикри ин матлаб афзуд, ки Туркия ва Афғонистонро равобити таърихӣ пайванд месозад ва Анқара ҳамеша Кобулро пуштибонӣ кардааст. Аммо дар пайи “хатоҳои содиршуда” низомиёни турк ва шаҳрвандони кишвар аз Афғонистон ба ватан интиқол дода шудаанд.

“Ҳукумат дар Афғонистон ҳамашумул нест, гурӯҳҳои мухталифро фаро намегирад. То замоне ин масъала боқӣ мемонад, мо дар Афғонистон ҳузур нахоҳем дошт”, - таъкид намуд Эрдуғон.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон борҳо ба зарурати таъсиси ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон таъкид намудаву аз ҳукумати таъсисдодаи Толибон башиддат интиқод кардааст.

Рӯзи 9-уми сентябр Сарвари давлати тоҷикон бо ҳамтои турки худ Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтугӯи телефонӣ анҷом додаву тарафҳо таъкид дошта буданд, ки  Тоҷикистону Туркия дар масоили Афғонистон мавқеи наздик ва ё худ ҳамсон доранд.   

Толибон моҳи август Кобулро ишғол ва ҳукумат дар Афғонистонро ба даст оварданд. Онҳо тамоми вилоятҳои Панҷшерро ба тасарруф даровардаву ягона минтақае, то ҳол дар баробарашон устувор истодаву меҷангад, Панҷшер аст. Дар Панҷшер Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис ёфтаву онро Аҳмад Масъуд, писари лашкаркаши шуҷоъ ва нотакрор Аҳмадшоҳи Масъуд роҳбарӣ мекунад.

Мулло Ҳасан Охунд Роҳбари ҳукумати толибонии Афғонистон эълом шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед