Ru  | Tj
Президенти Ӯзбекистон аввалин бор дар сӣ соли охир ба Ар-Риëз меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти Ӯзбекистон аввалин бор дар сӣ соли охир ба Ар-Риëз меравад
Акс: UzDaily.uz

Президенти Ӯзбекистон аввалин бор дар сӣ соли охир ба Ар-Риëз меравад

Нашр шуд

Президенти Ӯзбекистон имрӯз нахустин бор дар сӣ соли ахир бо як сафари расмӣ вориди Арабистони Саудӣ мешавад.

Ба иттилои хабаргузории «Фарғона», сафари дурӯзаи Шавкат Мирзиëев ба Ар-Риëз бо даъвати шоҳи ин кишвар Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд сурат мегирад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии ҳайатҳои ду кишвар таваҷҷуҳи асосӣ ба тавсеаи муносиботи ду кишвар дар заминаҳои роҳандозии иқтисоди "сабз", рақамикунонӣ ва рушди технологияҳои нав ва ҳамкорӣ дар бахши соҳибкории хурд равона мегардад.

Шерзод Асадов, сухангӯи Президенти Ӯзбекистон афзудааст, ки интизор меравад, аз натоиҷи ин сафар миëни Тошканду Ар-Риëз бастаи нави созишномаҳо ба имзо расанд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, ба барномаи сафари Мирзиëев зиëрати Маккаву Мадина, ду шаҳри муқаддаси мусулмонони ҷаҳон ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки айни замон Саудӣ калидитарин сармоягузори хориҷӣ дар бахши энергетикии Ӯзбекистон ба шумор меравад. Бунëди рушди Саудӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои иҷрои даҳ лоиҳа дар ин кишвар беш аз 300 миллион доллар ихтисос додааст.


Ӯзбекистон гуфт, ки дар сафари Мирзиёев ба Душанбе 30 созишномаи нав ба имзо мерасад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед