Ru  | Tj
Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ëддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ëддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд
Акс: АМИТ "Ховар"

Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Ëддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд

Нашр шуд

Миëни Прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо терроризм ва​ пулшӯӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ба иттилои хабаргузории «Ховар», ин​ санади ҳамкориро Прокурорҳои генералии ду кишвар - Юсуф Раҳмон ва Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб пас аз як мулоқоти расмӣ имзо кардаанд.

Манбаъ гуфтааст, дар ин дидор Юсуф Раҳмон ва Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ҳамчунин масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромилллиро баррасӣ намудаанд.

27-уми август Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо як сафари корӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ рафта буд.

Қаблан Тоҷикистон аз Русия низ дархост карда буд, ки бархе аз созмонҳо, аз ҷумла Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро* ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф кунад. Ин масъаларо айни замон додгоҳи Русия баррасӣ дорад.

* Ҳизби наҳзати исломӣ - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон


Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед