Ru  | Tj
Прокурори генералӣ: Алайҳи низомиёни қирғиз парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Прокурори генералӣ: Алайҳи низомиёни қирғиз парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад
Акс: Паём.net

Прокурори генералӣ: Алайҳи низомиёни қирғиз парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад

Нашр шуд

Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки барои куштори тоҷикистониён аз ҷониби низомиёни қирғиз парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Ба гузориши Sputnik, Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бо ишора ба аввалқадами низомиёни қирғиз дар даргирии мусаллаҳона гуфт, ки “ҳуҷумро кӣ сар кард ва натиҷа чӣ шуд, ба ҳамаи шумо маълум аст".

Вай афзуд, ки дар робита ба куштори шаҳрвандон ва хизматчиёни низомии Тоҷикистон аз ҷониби ҳарбиёни қирғиз парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот дар ин замина идома дорад.

Ба иттилои мақомот, дар пайи нооромиҳо дар марзи ду кишвар дар моҳи апрел ва майи соли ҷорӣ 19 шаҳрванди Тоҷикистон ва 36 шаҳрванди Қирғизистон ба ҳалокат расидаанд. Айни замон вазъ дар марз ба эътидол омадааст, аммо тарафҳо дар сар задани нооромӣ ангушти ишорат ба сӯи ҳамдигар мебардоранд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳудуди 980 километр сарҳади муштарак дорад ва 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед