Ru  | Tj
Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки худкушиву одамкушӣ дар кишвар кам шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки худкушиву одамкушӣ дар кишвар кам шудааст
Акс: Ozodi

Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки худкушиву одамкушӣ дар кишвар кам шудааст

Нашр шуд

Юсуф Раҳмон имрӯз дар нишасти хабарии Прокуратураи генералӣ аз афзоиши содиршавии ҷиноят дар кишвар дар соли 2021-ум хабар дод. 

Ба гузориши Halva.tj,  Прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, ки соли гузашта дар мамлакат 24 ҳазору 118 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2020 2,8 фоиз зиёд мебошад ва мизони кушодашавии онҳо 80,4 фисадро ташкил медиҳад.

Раҳмон дар идома афзуд, ки  дар соли 2021-ум назар ба соли 2020-ум ҷиноятҳои одамкушӣ -4 ҳолат, ғоратгарӣ - 23 ҳолат ҷиноёти дорои хусусияти тундгароиву террористӣ дошта – 143 адад камтар ба қайд гирифта шудаанд.  Ҳамчунин, ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон низ нисбат ба соли қаблӣ дар соли 2021-ум 30 ҳолат камтар будааст. 

Юсуф Раҳмон таъкид дошт, ки  соли 2021 дар маҷмӯъ вобаста ба назорати риояи иҷрои дақиқи қонунҳо  шаш ҳазору 291 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, зимни онҳо 85 198 қонунвайронкунӣ ошкор гардидааст. 

Вай афзуд, ки Прокуратураи генералӣ ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва дар соли гузашта аз ҷониби дастгоҳи марказии ин ниҳод 1750 нафар шаҳрванд ба қабули шахсӣ пазируфта шудаанд.

Бояд гуфт, ки даст ба худкушӣ задани махсусан ҷавонон  чандин сол  боз аз мушкилоте аст, ки ҷомеаи моро шадидан нигарон кардааст.  Солҳои қаблӣ  мақомот аз афзоиши шумори ҳолатҳои даст ба худкушӣ задан мегуфтанд. 

Қаблан Юсуф Раҳмон гуфта буд,  соли 2019-ум дар кишвар  632 ( 51 ҳолат бештар аз соли 2018)  ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 104 (102) нафарашонро ноболиғон ва 170 (144) нафарашонро ҷавонони аз 18 то 25-сола ташкил медиҳанд.


Далер Ҷумъа: Ҳаҷми маблағҳои ҷамъоваришуда аз муштариён барои масрафи барқ бештар шудааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед